Н. Сангвор, 25 августи соли 2026.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чилдара ва Ҷамоати деҳоти Тавилдара вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷумла омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ, шинохти фарҳангу тамаддуни миллӣ ва баланд бардоштани ҳушёриву зиракии сиёсии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон буда, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар ин замина, ба нақши ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки онҳо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, донишу маърифати сиёсӣ ва дарки дурусти арзишҳои миллӣ ба камол расанд.

Ҳамзамон, масъалаи пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими корҳои тарбиявӣ матраҳ гардид.

Дар идомаи мулоқот масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сангвор, беҳтар намудани инфрасохтор, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон низ баррасӣ шуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо ба масъалаҳои баррасишуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва татбиқи пешниҳодҳои сокинон ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои зарурӣ дод.

Идизода Қ.