“Волоияти қонун шарти асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад.”

ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН

Тибқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд».

Ин меъёр мазмун ва моҳияти сиёсати ҳуқуқии давлатро ифода намуда, масъулияти тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратураро дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян месозад.

Моддаи мазкур таъкид менамояд, ки ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, ҳеҷ як мақоми давлатӣ, шахси мансабдор ё шаҳрванд ҳуқуқ надорад, ки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии дигаронро поймол намояд.

Эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун – яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арзишҳои воло дар Конститутсия, ки ҳамчун Қонуни асосии давлат эътироф гардидааст, мустаҳкам карда шудаанд.

Дар боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд муқаррар гардидаанд. Ин боб яке аз қисматҳои муҳимтарини Қонуни асосӣ ба ҳисоб рафта, тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад.

Мутобиқи моддаи 14 Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳамзамон, ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ шуда, мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судиро муайян мекунанд.

Моддаи 17 баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун ва суд кафолат медиҳад. Тибқи ин модда, давлат новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ба ҳар кас ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Ин меъёр барои пешгирии ҳама гуна табъиз ва таъмини адолати иҷтимоӣ аҳамияти махсус дорад.

Моддаи 18 ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, дахлнопазирии шахс ва манъи шиканҷа ва муносибати ғайриинсониро кафолат медиҳад. Моддаи 19 бошад, ҳифзи судӣ ва ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, моддаҳои 20 ва 21 кафолатҳои муҳими адолати судиро муқаррар намуда, аз ҷумла бегуноҳии шахс то замони бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд исбот шудани гуноҳ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҷабрдидаро таъмин мекунанд.

Моддаи 24 озодии ҳаракат ва интихоби маҳалли зист, моддаи 26 озодии виҷдон ва эътиқод, моддаи 27 ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, моддаи 30 озодии сухан ва матбуотро кафолат медиҳанд.

Дар баробари ин, моддаи 34 ҳифзи оила, моддаи 35 ҳуқуқ ба меҳнат, моддаи 37 ҳуқуқ ба истироҳат, моддаи 38 ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, моддаи 39 ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ва моддаи 41 ҳуқуқ ба таҳсилро муқаррар менамоянд.

Ҳамаи ин меъёрҳо гувоҳи онанд, ки Конститутсия инсонро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дода, барои зиндагии шоиста, фаъолияти озод ва рушди ҳамаҷонибаи шахс заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ, такмили низоми қонунгузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум як қатор иқдомҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт ташаккул ва такмили заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 амалӣ гардида, ба рушди минбаъдаи низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар мусоидат намуд. Махсусан, тағйиру иловаҳои соли 2016 аҳамияти ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар низоми давлатдорӣ боз ҳам тақвият бахшиданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи моддаи 64 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин муқаррарот масъулияти конститутсионии Сарвари давлатро дар самти ҳифзи арзишҳои асосии ҷомеа муайян мекунад.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар ин самт таъсис ва рушди ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти ин ниҳод ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, мусоидат ба барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ равона гардидааст. Таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2024 низ идомаи фаъолияти ин ниҳоди муҳимро таъмин намуд.

Иқдоми дигари муҳим эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Ин ташаббус ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби эҳтиром ба қонун ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мебошад.

Дар низоми давлатдории ҳуқуқбунёд мақомоти прокуратура ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими ҳифзи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мавқеи махсус дорад. Фаъолияти прокурорӣ дар ин самт пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ошкор ва бартараф намудани қонуншиканиҳо ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона шудааст.

Прокуратура дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро назорат менамояд. Ин вазифа дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад.

Мо, кормандони мақомоти прокуратура, бояд ҳамеша дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ талаботи Конститутсия ва қонунҳоро ба роҳбарӣ гирифта, нисбат ба ҳар як муроҷиати шаҳрвандон бо масъулияти баланд муносибат намоем.

Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ кафили асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёд ва демократӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

32-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Собирзода Акобир,
ёрдамчии калони прокурори
но
ҳияи Сангвор, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2