Бахшида ба 32-юмин солгарди Конститутсияи ҶумҳуриТоҷикистон

“Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”.                                            

 ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Конститутсия ифодагари эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои тамоми миллатҳои давлатдору соҳибихтиёр ба ҳисоб рафта, баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ин ҳуҷҷати муҳими дорои қувваи олии ҳуқуқӣ ва аҳамияти сиёсӣ, санаи 6- ноябри соли 1994 бо гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Конститутсия  яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб ёфта, хусусиятҳои хоси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум намуда, дар худ моҳияти соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи мо тоҷиконро ифода менамояд. Хусусияти демократии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксари кулли институтҳои ҳуқуқӣ башарияти ҷаҳони эътироф гардида, дар байни конститутсияҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳон яке аз конститутсияҳои моҳияти васеъи демократӣ дошта шинохта шудааст. Далели гуфтаҳои болозикр дар моддаи 1-и он инъикос гардида, дар он чунин омадааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд  дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.» 

 Гарчанде Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аз нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Конститутсияи ҷавон шинохта шуда бошад, ҳам вале меъёрҳои он тақозогари стандартҳои байналмиллалӣ буда, дар арсаи ҷаҳонӣ миёни панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардида, мақоми хосатан муҳимро касб намудааст. Рукни асоси ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз боби дуюми он ба ҳисоб рафта чунин номгузорӣ гардидааст: “Ҳуқуқ озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд”, ки ба ҳар фарди дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат дошта имконияти амалӣ гаштани наслҳои якум, дуюм ва сеюми ҳуқуқҳои инсонро фароҳам меорад.  

Аҳамияти бузурги ин ҳуҷҷати муҳим дар он аст, ки дар шароити пуртаззоди низоъҳои дохилӣ бо ба инобат гирифтани райъияти халқ, ки яке аз меъёрҳои демократӣ ба шумор меравад, қабул карда шудааст. Хусусияти фарқкунандаиКонститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ  пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро аз дохил муқаррар намудааст. Дар он  нахустин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки дар конститутсияҳои ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ин мафҳум бегона буд. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар конститутсияҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои одилонаву демократӣ ва дурандешонаву хайрхоҳона ба ҳисоб меравад.

 Бо дарки аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навин ва арзиши баланди масъалаҳои он, ки усулҳои конститутсионӣ бояд дар фаҳмиши инсон маърифати баланди ҳуқуқиро доир ба эҳтиром гузоштан ба ин санади олии ҳуқуқӣ ба миён орад ва насли наврасро дар рӯҳияи эҳтирому риояи арзишҳои конститутсионӣ тарбия ва ба камол расонад, аз ҷониби Ҳукумати кишвар бобати тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои он пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиносро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи асли таҷзияи ҳокимият ва шинохти кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад. Он ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддун оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид. Аз ҷониби дигар, Конститутсия кулли шаҳрвандонро водор менамояд, ки аз ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии худ бархурдор буда, тамоми санадҳои меъёрӣ ҳуқуқуқии соҳавӣ ва ҷамъиятиро риоя ва иҷро намоянд.  

Ҳангоми беэътиноӣ ва фориғболӣ зоҳир намудан, мутобиқи қонун ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян вобаста ба кирдори содир намуда, пешбинӣ карда мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлол арзёбӣ гардидааст. Чӣ тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд кардаанд:

«Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар фарҳангдӯст ва заҳматкашу талошкор шинохтаанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад барои сулҳу субот ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозад.

Албатта, дар таҳия ва омодасозии Контитутсия дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург дониста мешавад. Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки Коститутсияи ҷумҳуриямон санади асосии бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст ва дараҷаи самарнокии амалишавии муҳтавои он ба савияи қонундониву риояи бемайлони он аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа иртиботи бевосита дорад. Мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем. Маҳз бо риояи қатъии меёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем. Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари моро, марди шуъҷоъ, Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти мардумии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқиёси ҷаҳон муаррифӣ карданд, халқи Тоҷикистонро бошад чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохтаанд.

Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия –  вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат, аз хурд то бузург мебошад. Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯйи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад. Хусусан дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд дар пешрафти ҳар ҷомеае монеа гарданд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки пешоҳанги татбиқи аслҳои Конститутсия ва пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон бошем. Саодати мо дар ҳамин амали ватандӯстона ифода меёбад.

 Тоҳирзода Азизхуҷа, летинанти адлия,

нозири бахши пешгирии муқовимат бо коррупсияи

Раёсати  агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт