21 майи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Исматулло Раҳматуллозод, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу Зубайдулло, муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори амният дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт дар ноҳияи Сангвор Саидмуродов, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат оғоз гардид. Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва таҳкими сулҳу субот аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу Зубайдулло зимни баромад таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва ҷомеа дар пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ нақши калидӣ дорад. Ӯ инчунин зарурати таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаро дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ кард.
Муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон дар баромади худ доир ба масъалаҳои маърифати динӣ изҳори назар намуда, таъкид кард, ки истифодаи дурусти арзишҳои динӣ ва баланд бардоштани саводи динӣ метавонад аз гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротӣ пешгирӣ намояд. Ӯ инчунин зарурати ҳамкорӣ байни рӯҳониён, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ барои таҳкими суботи ҷомеаро муҳим шуморид.
Сардори амният дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт дар ноҳияи Сангвор Саидмуродов Шамшод дар суханронии худ ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки ин падидаҳо хатари ҷиддӣ ба амнияти ҷомеа доранд. Ӯ қайд намуд, ки баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон яке аз роҳҳои асосии пешгирии чунин хатарҳо мебошад.
Дар идомаи ҷаласа дигар иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии ифротгароӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва тақвияти фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ мубодилаи афкор намуданд.
Туйчӣ Нурзода



