Дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Сангвор сафарбар гардид.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндаи дастгоҳи марказии ВКД ҶТ, полковники милитсия Турсунзода Хуршед Тоҳирӣ, профессори кафедраи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир ва профессори ҳамин академия, полковники милитсия Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ шомил буданд. Муовини раиси ноҳия Олимзода Абдулло меҳмононро самимона истиқбол намуда, ба онҳо барои таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуд.
Зимни мулоқот бо фаъолон ва ҷавонон баромадкунандагон иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди давлатро муайян намуда, ҳар як шаҳрвандро ба меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа ҳидоят мекунад. Таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ҳифзи суботу амният, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои фарҳангиву маънавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Намояндагони ВКД махсусан ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, мубориза бо бегонапарастӣ ва тақлиди фарҳанги бегона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва тарбияи ватандӯстона метавон ҷавононро аз ҳар гуна таҳдидҳои номатлуб эмин нигоҳ дошт.
Ҳамзамон зикр шуд, ки ҷавонон бояд бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунаромӯзӣ ва фаъолияти созанда рӯ оваранд. Зеро ояндаи дурахшони кишвар аз донишу малака, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли наврасу ҷавон вобастагии зич дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён изҳор доштанд, ки муҳтавои Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар таҳкими қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешрафти диёр саҳми арзанда гузоранд.
Нурзода Туйчӣ



