Ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин рамзи ғамхорӣ, муҳаббат ва масъулияти ҷомеа нисбат ба насли наврас ба шумор меравад. Кӯдакон ояндаи миллат ва умеди фардои ҷомеа мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдаконро яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии худ дониста, баҳри таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Бо мақсади дастгирии модарон ва кӯдакон, инчунин арҷгузорӣ ба ин рӯзи фархунда, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор бо ибтикори сартабиби беморхона Шарифзода Аъзам чорабинии идона баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом ба модароне, ки дар арафа ва рӯзи таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон соҳиби фарзанд гардидаанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва лавозимоти зарурии кӯдакона тақдим карда шуданд. Ин иқдоми нек аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ бо хушнудии модарон ва пайвандони онҳо истиқбол гардид.

Зимни мулоқот бо модарони кӯдакони навзод сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Шарифзода Аъзам онҳоро бо таваллуди фарзандонашон самимона табрик намуда, иброз дошт:

«Саломатии модар ва кӯдак асоси ҷомеаи солим мебошад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи саломатии модару кӯдак таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Кӯдакони имрӯз созандагони фардои Ватани азизи мо мебошанд. Аз ин рӯ, нигоҳубини дуруст, тарбияи шоиста ва муҳаббати волидайн барои рушди солими онҳо аҳамияти калон дорад.»

Ҳамчунин сартабиб ба модарон тавсия дод, ки барои ҳифзи саломатии худ ва фарзандонашон дастурҳои тиббиро риоя намуда, ба ғизои солим, нигоҳубини дурусти кӯдак ва муоинаҳои саривақтии тиббӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Қайд гардид, ки дар муассисаи тандурустии ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, шароити мусоид барои хизматрасонии босифати тиббӣ муҳайё мебошад. Кормандони шуъбаҳои таваллуд ва кӯдакона бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии модарон ва навзодон фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Бигзор ҳар як кӯдак дар фазои сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва ғамхории пайваста ба воя расида, соҳиби ояндаи дурахшон гардад.

Н. Алиева