Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии ҳудуди биноҳои маъмурӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, дар ноҳияи Сангвор бо иштироки волонтёрони назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва ҷавонони фаъол шанбегӣ баргузор гардид.
Дар рафти шанбегӣ иштирокчиён дар назди биноҳои маъмурӣ корҳои тозагию ободонӣ анҷом дода, гирду атрофи иншоотро ба тартиб дароварданд. Ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ дар ин иқдоми ҷамъиятӣ иштирок намуда, барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф саҳми худро гузоштанд.
Баргузории чунин чорабиниҳо яке аз роҳҳои муҳими ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ буда, дар таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи муҳити зист ва ташаккули муносибати ғамхорона нисбат ба тозагии маҳалли зист аҳамияти муҳим дорад.
Тавре Туйчӣ Нурзода, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор, зимни шарҳи ҳадафу аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо иброз дошт, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти бахш ба шумор меравад.
Мудири бахш ҳамчунин таъкид намуд, ки баргузории шанбегиҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон дар атрофи ҳадафҳои созанда, тарғиби фарҳанги тозагӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии онҳо мусоидат мекунад. Дар ин замина, волонтёрон ҳамчун ҷавонони ташаббускор метавонанд бо иштироки фаъолонаи худ дигар ҳамсолонро низ ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намоянд.
Дар воқеъ, волонтёрӣ яке аз шаклҳои муҳими иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ буда, барои рушди малакаҳои ҳамкорӣ, ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ замина фароҳам меорад. Ҷавононе, ки дар корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист иштирок мекунанд, бо амали худ нишон медиҳанд, ки нисбат ба ободии маҳалли зист ва ояндаи ҷомеа бетараф нестанд.
Ноҳияи Сангвор бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалак, манзараҳои дилфиреб ва захираҳои бойи табиӣ таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмононро ба худ ҷалб мекунад. Ҳифзи ин сарвати табиӣ ва нигоҳ доштани тозагии муҳити зист вазифаи муҳими ҳар як сокини ноҳия мебошад.
Ҳамзамон, зарур аст, ки фарҳанги риояи тозагӣ на танҳо дар доираи чорабиниҳои оммавӣ, балки дар зиндагии ҳаррӯзаи сокинон низ ба як одати доимӣ табдил ёбад. Ба ҷойҳои муқарраршуда партофтани партовҳо, ҳифзи сабзазорҳо, тоза нигоҳ доштани кӯчаву роҳҳо ва муносибати эҳтиёткорона ба сарватҳои табиӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки ҳар як шаҳрванд метавонад дар иҷрои онҳо саҳм гузорад.
Қурбоналӣ Идизода



