Имрӯз дар толори барҳавои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони прокуратура ва суди ноҳия, муовинони раиси ноҳия, донишҷӯён, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии давлатдории миллӣ, кафили сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид намуд, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Сипас, Акобир Собирзода, ёрдамчии калони прокурори ноҳия, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2, дар баромади худ оид ба аҳаммияти таърихию ҳуқуқии Конститутсия суханронӣ намуда, онро яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ кард. Номбурда таъкид дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи конститутсияҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, барои таҳкими қонуният, волоияти қонун ва рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, Шоҳвалӣ Гулзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди ноҳияи Сангвор, дар баромади худ нақши Конститутсияро дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд, таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки ҳар як шаҳрванд бояд меъёрҳои Конститутсияро омӯзад, эҳтиром намояд ва дар ҳаёти ҳаррӯза риоя кунад.
Дар идомаи конференсия иштирокчиён доир ба ҷойгоҳ ва нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аҳамияти риояи Конститутсия, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ таъкид гардида, конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Н. Алиева



