Қиёмиддин Хоҷаев зодаи деҳаи Миёнадуи ноҳияи Сангвор буда, касбаш пизишк аст. Айни ҳол сартабиби Маркази ташхисию табобатии «Авитсенна» буда, ҳамзамон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Ӯ соҳиби оила ва падари 10 фарзанд буда, дар баробари фаъолияти касбӣ ба корҳои соҳибкорӣ ва иқдомҳои созанда низ машғул аст. Қиёмиддин Хоҷаев дар самти варзиш низ дастовардҳои назаррас дошта, қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо мебошад.
Фаъолияти ӯ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш, соҳибкорӣ ва корҳои иҷтимоӣ бо талош барои дастгирии мардум ва ободии зодгоҳ пайванд хӯрдааст. Бунёди осоишгоҳи «Гармчашмаи Вахиё», саҳмгузорӣ дар сохтмони Коллеҷи тиббӣ ва дигар иқдомҳои созанда аз ҷумлаи корҳои ӯ дар самти рушди иҷтимоии ноҳияи Сангвор ба шумор мераванд.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Дар пасманзари корҳои созандаву ободонӣ чеҳраҳое ҳастанд, ки зодгоҳ ва пешрафти он барояшон масъулияти виҷдонӣ ва рисолати зиндагист. Қиёмиддин Хоҷаев, аз ҷумлаи чунин шахсонест, ки фаъолияти касбӣ, соҳибкорӣ ва иқдомҳои иҷтимоиро ба ободии зодгоҳ пайванд додааст. Ӯ берун аз унвону вазифаҳо, худро пеш аз ҳама фарзанди зодгоҳ медонад ва талош дорад имкониятҳои мавҷударо барои манфиати мардум истифода намояд. Бунёди осоишгоҳи «Гармчашмаи Вахиё» ва саҳмгузорӣ дар сохтмони Коллеҷи тиббӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба ниёзҳои иҷтимоии сокинони ноҳия иртибот доранд. Дар суҳбати мо Қиёмиддин Хоҷаев аз роҳи зиндагӣ, мактаби Пешвои миллат, сабақи падару модар, орзуи кӯдакӣ, фаъолияти касбӣ, варзиш ва сабабҳои рӯ овардан ба корҳои созанда дар зодгоҳаш нақл мекунад. Инак, ба суҳбати мо таваҷҷуҳ кунед!
- Имрӯзҳо дар ноҳияи Сангвор ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ идома доранд. Яке аз чунин иқдомҳо бунёди осоишгоҳи «Гармчашмаи Вахиё» мебошад. Идеяи бунёди ин осоишгоҳ чӣ гуна ба миён омад?
- Бунёди чунин як иншоот ҳанӯз аз давраи кӯдакӣ дар зеҳни ман шакл гирифта буд. Мо дар гармчашма оббозӣ мекардем ва медидем, ки оби он аз дигар чашмаҳо фарқ дорад. Баъдан дар зеҳнам савол пайдо шуд, ки чаро аз ин неъмати табиӣ барои табобату истироҳат мардум истифода намекунанд.
Баъдтар, вақте имконият пайдо шуд, тасмим гирифтем чашмаро таҳлил кунем. Обро дар озмоишгоҳҳо санҷидем.Ҳатто то озмоишгоҳи Қазоқистон бурдем. Натиҷаҳо нишон доданд, ки он дорои як қатор элементҳои минералӣ мебошад.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ мактуб кардем. Хушбахтона бо дастгирии онҳо осоишгоҳи муосир бунёд намудем. Ҳадафи асосӣ аз ин иқдом дастгирии мардуми диёр ва фароҳам овардани шароити хуби табобату истироҳат дар худи зодгоҳ буд.
- То имрӯз дар доираи ин лоиҳа чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
-Ростӣ гап, аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом мегирам ва пайравӣ ба созандагиҳои ӯро дӯст медорам. Барои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тасмим гирифтем, ки яке аз иншооти осоишгоҳи «Гармчашмаи Вахиё»-ро ба истифода диҳем. Дар маҷмӯъ, дар ин мавзеъ се иншоот пешбинӣ шудааст. Айни ҳол яке аз онҳо ба истифода дода шудааст ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар идома доранд.
Дар иншооти ба истифода додашуда меҳмонхонаи дорои 30 кати хоб фаъолият мекунад. Ҳамчунин барои обдармонӣ ва дигар хизматрасониҳои табобатӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Дар раванди сохтмон ва корҳои вобаста ба он сокинони маҳаллӣ ва 50 усто ба кор ҷалб шудаанд.
Аҷибаш ин аст, ки ин чашма аз худ лойи табиӣ мебарорад...
-Яъне, ин ҷо танҳо як меҳмонхона нест, балки маҷмӯи хизматрасониҳои табобативу истироҳатӣ ташкил карда мешавад?
- Бале. Мо мехоҳем, ки ин мавзеъ ба як маркази табобативу истироҳатӣ табдил ёбад. Барои обдармонӣ мутахассис омода карда истодаем. Айни ҳол 14 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутахассисонро барои омӯзиши таҷрибаи зарурӣ ҷалб мекунем.
Дар ин ҷо физиотерапия низ ба роҳ монда мешавад. Оби чашма барои обдармонӣ истифода мешавад. Аҷибаш ин аст, ки ин чашма аз худ лойи табиӣ барои табобат мебарорад, ки дар дигар ҷойҳо чунин лойро мехаранд. Аз ҷумла, лойи табиии ин мавзеъ барои баъзе бемориҳои буғумҳо, артрит, полиартрит ва остеохондроз истифода шуда метавонад.
Ҳаммомҳои алоҳида барои занону мардон сохта шудаанд. Ҳавзи шиноварӣ низ дорем, ки бо оби ҳамин чашма пур карда мешавад. Ҳаммомҳо ва дигар иншооти хизматрасонӣ марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.
-Барои шумо ин кор танҳо як лоиҳаи соҳибкорӣ аст ё ҳадафи иҷтимоӣ, яъне дастгирии мардум низ ҳаст?
-Албатта, ҳадафи иҷтимоӣ дорад. Мардуми Сангвор барои табобату истироҳат аксар вақт маҷбур мешаванд ба минтақаҳои дигар сафар кунанд. Ин бошад, хароҷоти зиёди роҳу зиндагӣ ва дигар мушкилотро ба миён меорад.
Мо хостем чунин имкониятро дар худи зодгоҳ фароҳам кунем. Шумо медонед, роҳи Сангвор хеле дур аст. Ҳар як хиште, ки ба он ҷой бурда мешавад, хароҷоти иловагӣ дорад. Маслан 1 хишт агар ин ҷо 1 сомонӣ бошад то он ҷо 3 сомонӣ мешавад. Агар шароити зарурӣ дар худи ноҳия бошад, ҳам барои мардум қулай аст ва ҳам ба рушди маҳал мусоидат мекунад.
-Ба назар мерасад, ки ҳадафи хизмат ба ҷомеа аз муҳити оилавии шумо сарчашма мегирад. Назари шумо дар ин маврид?
- Ман бисёр чизҳоро аз падарам омӯхтаам. Падарам, Хоҷаев Қутбиддин, солҳои зиёд дар ноҳияи Нуробод, (он замон Тавилдара ҷамоат буд) дар соҳаи хоҷагии ҷангал фаъолият кардаанд. Баъдан, муовини директори совхоз ва директори совхоз буданд. Инчунин чун вакили мардумӣ низ фаъолият доштанд. Бо Президенти кишвар он давраҳо ҳамкорӣ доштаанд. Ва зимни тамошои телевизор падарам нақл кард, ки ин марди шариф Эмомалӣ Раҳмон Ватандӯст асту ҳар қадами созандагиашон мактаби зиндагӣ.
Аз кӯдакӣ медидам, ки падар нисбат ба ҷомеа ва Ватан масъулияти зиёд эҳсос мекунанд. Ҳамин тарбия дар ман низ таъсир гузошт.
Баъзан инсон дар кӯдакӣ маънои пурраи суханони падару модарро дарк намекунад. Аммо бо гузашти солҳо мефаҳмӣ, ки як маслиҳат ё як намунаи шахсӣ метавонад тамоми роҳи зиндагии инсонро муайян кунад.
-Модар дар зиндагии шумо чӣ нақш доштанд?
- Дар бораи модар ҳар қадар сухан гӯем, кам аст. Ман модарамро хеле дӯст медоштам ва дӯст медорам. Ӯ дар синни 85-солагӣ, дар давраи пандемияи коронавирус, аз олам даргузашт. То охирин солҳо бо пойи худ роҳ мерафтанд, гоҳе барои ман хӯрок мепухтанд.
Ман борҳо гуфтаам, ки инсон бояд қадри модарро дар вақташ донад. Баъд аз он ки модар аз дунё меравад, дигар имкони хизмат кардан ба ӯ намемонад.
Дар яке аз вохӯриҳои Президенти кишвар бо мардуми ноҳияи Сангвор низ Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки модаронро бояд дар вақти зинда буданашон қадр кард, зеро барои хизмат ба онҳо инсон бояд фурсатро аз даст надиҳад.
Даргоҳи таълимии тиббӣ дар Сангвор қомат меафрозад
-Дар баробари осоишгоҳ, шумо ва фарзандони соҳибкоратон ба сохтмони коллеҷи тиббӣ низ саҳм гузошта истодаед. Ҳадаф аз ин иқдом чист?
-Бо дастгирии раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат тасмим гирифтем, ки дар маркази ноҳия бинои коллеҷи тиббӣ бо хобгоҳ бунёд кунем.
Сангвор ноҳияи кӯҳистон аст. Деҳаҳо аз ҳамдигар масофаи зиёд доранд. Бисёр ҷавонон барои гирифтани маълумоти миёнаи тиббӣ маҷбур мешаванд ба Рашт, Душанбе ё дигар минтақаҳо раванд. Ин барои оилаҳо хароҷоти зиёд дорад.
Мо худ бо оилаам ва фарзандон табибем ва дар соҳаи тиб фаъолият дорем, аз ин рӯ, хуб медонем, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ омода намудани кадрҳои маҳаллӣ чӣ аҳамият дорад.
Мехоҳем ҷавонони ноҳия дар худи Сангвор таҳсил карда, соҳиби касби тиббӣ шаванд ва баъдан ба мардуми зодгоҳи худ хизмат кунанд.
-Шумо худ дар соҳаи тандурустӣ фаъолият доред. Дар Маркази ташхисию табобатии «Авитсенна» кадом имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд?
-Дар Маркази ташхисию табобатии «Авитсенна» бо мутахассисон ва табибони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Эрон, Ҳиндустон ва Русия, ҳамкорӣ дорем. Мубодилаи таҷриба низ ба роҳ монда шудааст.
Марказ дорои 50 кати хоб мебошад ва бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба шаҳрвандон хизматрасонии тиббӣ пешниҳод мекунад.
Барои мо муҳим аст, ки беморон дар дохили кишвар ба хизматрасонии босифат дастрасӣ дошта бошанд.
-Чӣ гуна ба бунёди ин марказ замина гузошта шуд?
-Писари калониам соҳибкор аст. Ӯ ҳанӯз дар давраи таҳсил дар мактаб ва донишгоҳ ва баъдан ҳамчун соҳибкор бо Президенти кишвар вохӯриҳо дошт. Зимни яке аз суҳбатҳо масъалаи бунёди беморхона ва зарурати гирифтани қитъаи замин барои чунин иншоот пешниҳод шуд.
Баъдан барои бунёди иншоот замин ҷудо гардид. Соли 2019 қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе қабул шуд ва мо ба сохтмони бино оғоз намудем. Имрӯз марказ фаъолият дорад ва барои хизматрасонии тиббӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
ҚИЁМИДДИН ХОҶАЕВ, ҚАҲРАМОН ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ САМБО
-То ҷойе мо маълумот дорем чемпион оид ба гӯштини самбо ҳастед. Дар ин бора бигӯед!
- Мардуми кӯҳистон аз қадим ба варзиш, бахусус гӯштин, шавқи зиёд доранд. Мо ҳам дар кӯдакӣ ба ин навъи варзиш дилбастагӣ доштем. Он замон толору шароити хуби машқ он қадар зиёд набуд. Ҳоло, толорҳои варзишӣ ҳатто дар деҳаҳо низ архи вуҷуд мекунанд. Ташаккур ба Ҷаноби Олӣ!
Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар самбо машғул будам ва дар Русия ба унвони номзади устоди варзиши СССР расидам. Бо оғози ҷангу нооромӣ дар Тоҷикистон чанд сол аз варзиш дур мондам.
Соли 2023 дубора ба мусобиқаҳо баргаштам. Дар яке аз мусобиқаҳо дар Русия ҷойи сеюмро гирифтам. Соли 2024 дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ҷойи дуюмро соҳиб шудам. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо дар Қазоқистон низ ҷойи аввалро гирифтам.
Соли 2027 чемпионати Осиё оид ба самбо дар Душанбе баргузор мешавад. Кӯшиш мекунам дар он иштирок карда, натиҷаи хуб нишон диҳам.
- Истиқлол барои шумо чӣ маъно дорад?
- Истиқлол неъмати бебаҳост. Мо бояд аз соҳибистиқлол будани кишвари худ ифтихор кунем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Барои ман истиқлол пеш аз ҳама имкони озодона меҳнат кардан, бунёд намудан ва ба мардум хизмат кардан аст. Имрӯз ҳар як соҳибкор, табиб, омӯзгор, варзишгар ё намояндаи дигар касб метавонад дар доираи имкониятҳои худ барои рушди кишвар саҳм гузорад.
- Ва дар анҷом, ба назари шумо, «ватандӯстӣ» ва «созандагӣ» бояд чӣ гуна зоҳир шавад?
- Ба андешаи ман, дӯст доштани Ватан танҳо бо сухан нест. Ватанро бояд бо амал дӯст дошт. Ҳар кас бояд вобаста ба имконият ва касби худ барои ободии кишвар саҳм гузорад.
Инро аз падарам омӯхтам. Инсон бояд аз зодгоҳаш неру гирад ва баъдан ба зодгоҳаш неру бахшад. Мо бояд дар атрофи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шавем ва бо ҳидоятҳои ин абармарди фарзона ватанро обод созем. Ман фикр мекунам, ки ҳамин гуна корҳои хурду бузург дар маҷмӯъ ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунанд. Орзуи ман ин аст, ки ҳамаи иқдомҳои созанда идома ёбанд ва фарзандони Сангвору тамоми Тоҷикистон имкони хуби таҳсил, кору зиндагӣ дар зодгоҳи худро дошта бошанд.
-Ба шумо барору муваффиқият таманно мекунем. Сипос, барои як суҳбати самимӣ!
Суҳбаторо: Наҳтутӣ Алиева









