«Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо, барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Бо мақсади дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор ва фароҳам овардани фазои идона барои онҳо дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим»-и ноҳияи Сангвор чорабинии хайриявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Абдуқаҳор Малик ва раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат иштирок намуда, дар ҳузури дигар намояндагони корхонаву ташкилотҳо  ба тарбиятгирандагони муассиса туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Аз номи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони саховатманд ба кӯдакон сарулибоси идона, туҳфаҳои хотиравӣ ва хӯроки идона пешниҳод карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории чунин иқдоми хайриявӣ дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор ва камбизоат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғату тафреҳи онҳо ва болида гардонидани табъи кӯдакону наврасон дар арафаи яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ барои тарбиятгирандагони муассиса барномаи фарҳангии рангин ташкил карда шуд. Ҳунармандон ва кӯдакони муассиса бо суруду таронаҳои ватандӯстона, шеърхонӣ ва рақсу мусиқӣ баромад намуда, ба ҳозирин ва махсусан кӯдакон лаҳзаҳои хушу хотирмон бахшиданд.

Зимни мулоқот бо тарбиятгирандагон таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор ва намояндаи Падлатаи ҳичоби кишвар кӯдаконро ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, ба онҳо саломатӣ, хониши хуб, хушбахтӣ ва ояндаи дурахшон орзу намуданд.

Чунин иқдомҳои хайриявӣ дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи инсондӯстӣ, саховатмандӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас буда, барои тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим доранд.

Н. Алиева