Мутаассифона, баъзе афрод ба ҷойи истифодаи имкониятҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа, онҳоро ҳамчун воситаи ҷалби таваҷҷуҳ, манфиатҷӯӣ ва барангехтани ихтилоф истифода мебаранд. Мухолифони андешадарбандмонда бо нашри барномаҳо ва изҳороти пур аз эҳсосот, баъзан бе пешниҳоди далелу санадҳои муътамад, кӯшиш мекунанд дар байни мардум нобоварӣ, нофаҳмӣ ва нигаронӣ ба вуҷуд оранд.
Мисоли чунин муносибатро дар баромадҳои онҳо дар фазои маҷозӣ, дар баромадҳои Иқболшайтон метавон дид. Ин бадбахт ба ҷойи таҳлили воқеии масъалаҳои рӯз, истифодаи далелҳои мушаххас, суханони пур аз айбҷӯӣ, баҳсҳои эҳсосӣ ва хулосаҳои якҷониба намуда, мехоҳад боз чанд ҷавони дигарро ба доми фиребу найранги худ кашонад.
Истифодаи шиорҳои тунду таҳқиромез, таҳрифи воқеият ва паҳн намудани хабарҳои санҷиданашударо болои ҷавонон таҳмил месозад, аммо ин ҷомеа дигар ба роҳи ӯ намеравад ва нахоҳад рафт. Зеро, Иқболшайтонро дигар ҳама мешиносанд. Ба суханҳои подарҳавои ӯ бовар намекунанд. Дигар ӯ наметавонад ба ҷуз “Фаришта”-ву “малоика”-ҳои атрофаш касеро ҷалб кунад. Бо “Фариштасифат” Муҳиддин Кабирӣ низ Иқболшайтон қаҳр асту ғариба гаштаанд.
Ҷавонон, дигар худ бо чашми сар мебинанд, ки Ватани онҳо куҷосту кӣ ба додашон мерасад. Баръакс, чунин амалҳои Иқболшайтон фазои муколамаро низ заиф намуда, нафрати ҷавононро нисбаташ бедор кардааст.
Дар ин замина, ҳар як истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз бовар кардан ба ҳар гуна хабар ё паҳн намудани он, манбаъ, далел ва мақсади паёмро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Зеро ҷомеаи босаводу огоҳ ҷомеаест, ки ба ҳар сухан бидуни андеша бовар намекунад.
Албатта, дар ҷомеа андешаҳои гуногун вуҷуд доранд ва ин гуногунандешӣ метавонад барои рушди тафаккури ҷамъиятӣ мусоидат намояд. Аммо фарқ гузоштан байни танқиди созанда ва иғвогарӣ хеле муҳим аст. Танқиди созанда ба далел, таҳлил ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилот такя мекунад, ки Иқболшайтон аз ин масир тамоман дур асту канор. Иғвогарӣ бошад, бештар ба эҳсосот, айбҷӯӣ ва барангехтани зиддиятҳо асос меёбад, ки дигар маълум аст, эҳсоси ӯ дар кӯчаи тангу тори хоҷагонаш руст мондааст ва агар зиддияту айбҷӯйӣ накунад, чун саги гурусна дар биёбон хоҳад мурд.
Ӯ ҳамеша озодии баён дорам гуфта, худро хору залили пеши хоҷагонаш кардааст.. О, Иқболшайтон куҷову озодии баён куҷо)))... Истифодаи озодии баён ба таҳқири дигарон, паҳн намудани туҳмат ё даъват ба хушунат нест, ки ба қавле бӯз худашро Абудкарим ном ниҳодаву дави аспаш дар майдони бегона хеле ба қавле тезу тунд аст, ки рӯзе сари худашро хоҳад хӯрд...
Туйчӣ Нурзода,
мудири бахши ҷавонон
ва варзиши ноҳияи Сангвор









