Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии савдои одамон озмуни беҳтарин мақоларо таҳти унвони «Якҷоя бар зидди савдои одамон» эълон менамоянд.
Савдои одамон яке аз хатарҳои ҷиддии ҷомеаи муосир буда, ҳуқуқу озодиҳо ва ҳаёти инсонро зери хатар мегузорад. Пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони осебдида вазифаи муштараки ҷомеа мебошад.
Бо ин мақсад, ҷавонони аз 18 то 27-солаи ноҳияи Сангвор барои иштирок дар озмуни мазкур даъват карда мешаванд.
Мавзӯъҳои озмун:
- Арзёбии самаранокии чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба савдои одамон;
- Асосҳои назариявии муқовимат ба савдои одамон;
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун омили пешгирии савдои одамон;
- Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо савдои одамон;
- Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки аз савдои одамон зарар дидаанд;
- Бозгашт ба оила: ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии шахсони аз савдои одамон зарардида.
Талаботи озмун:
- Ҳаҷми мақола на камтар аз 10 саҳифаи формати А4 бошад;
- Забони мақола тоҷикӣ буда, қоидаҳои имлои забони давлатӣ риоя карда шаванд;
- Мақола бояд мазмуни таҳлилӣ, маърифатӣ ва пешниҳодҳои амалӣ дошта бошад;
- Истифодаи хештеги ҳатмӣ: #ҶавононБарЗиддиСавдоиОдамон;
- Акс ва наворҳои истифодашаванда бояд танҳо маводи шахсии муаллиф бошанд.
Иштирокчиён бояд мақолаи худро дар саҳифаи шахсиашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуда, пайванди онро бо нишон додани ному насаб, синну сол ва рақами мавзӯи интихобшуда ба ташкилкунандагони озмун ирсол намоянд.
Ҷоизаҳои озмун
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд:
- Ҷойи якум — 3 нафар бо телефони мобилӣ;
- Ҷойи дуюм — 3 нафар бо телевизор;
- Ҷойи сеюм — 3 нафар бо планшет;
- Ҷоизаҳои ҳавасмандгардонӣ — 20 нафар бо туҳфаҳои хотиравӣ.
Мақолаҳои беҳтарин дар сомонаи расмии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва дигар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешаванд.
Муҳлати қабули мақолаҳо
То 26 декабри соли 2026.
Телефонҳо барои тамос:
- Муҳаммадизода Муҳаммадсолеҳ — WhatsApp: +992 918 53 1056
- Наҳтути Алиева — WhatsApp: +992 988 13 49 49
ҶАВОНОНИ АЗИЗИ НОҲИЯИ САНГВОР!
Бетараф набошед! Бо қалами худ бар зидди савдои одамон садо баланд кунед. Ҳар як мақолаи огоҳкунанда метавонад як инсонро аз доми фиребу истисмор наҷот диҳад.
Биёед, бо дониш, маърифат ва масъулияти шаҳрвандӣ дар муқовимат ба савдои одамон саҳм гузорем!
Дар озмун фаъолона иштирок намоед!









