Бонувони Сангвор чун кӯҳҳои сарбафалаккашидаи диёр, устувор, қавиирода ва пурифтихор, барои ҳифзи Истиқлол ва Ватани хеш ҳамеша омода буда, дар остонаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ либоси низомӣ ба бар карда, барои ҳифзи Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ омодагии худро нишон медиҳанд.
Онҳо бо қадамҳои устувор ва қалбҳои саршор аз меҳри Ватан дар саф меистанд, то ба насли ҷавон намунаи ватандӯстиву худшиносии миллӣ бошанд.
Бонувони Сангвор бо пӯшидани либоси низомӣ ва омодагӣ ба паради идона нишон медиҳанд, ки муҳаббат ба Ватан ҷинс намешиносад ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол масъулияти ҳар як шаҳрванди бедордил аст.
Қадамҳои устувори онҳо дар саф, қадамҳои ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба Истиқлол мебошанд.
Бонувон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлол дар машқҳои сафороӣ фаъолона иштирок намуда, тартиби сафороӣ, ҳамоҳангии қадамҳо ва дигар унсурҳои паради ҳарбиро бо масъулияти баланд такрор мекунанд.
Иштироки бонувон дар чунин чорабинии муҳими ҷашнӣ далели равшани нақши созанда ва иштироки фаъоли занон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватани соҳибистиқлол мебошад.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо, рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва заминаи рушди устувори кишвар маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому ҷойгоҳи занон дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёфта, онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Назокат Исмонова









