Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали картошкапарварон ва намоишу фурӯши картошка бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ ва дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 январи соли 2026, №АП-952, доир намудааст.
Қобили зикр аст, ки фестивали мазкур 8 ноябри соли 2026 дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе доир шудааст.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, намояндагони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, картошкапарварон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Дар доираи ҳамин чорабинии ҷумҳуриявӣ дастовардҳои картошкапарварони минтақаҳои гуногуни кишвар муаррифӣ гардида, кишоварзони фаъол барои саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамарашон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қатори кишоварзони муваффақ хоҷагии деҳқонии «Саридашт»-и ноҳияи Сангвор бо дастоварди назаррас иштирок намуд. Хоҷагии мазкур маҳсулоти кишоварзии худро ба намоиш гузошта, бо сифати хуб ва натиҷаҳои фаъолияти худ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб кард.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар, меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи картошкапарварӣ ба намояндаи хоҷагии деҳқонии «Саридашт», Ғаниев Исмоил бо Сипосномаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон сарфароз гардида, ҳамзамон ба унвони фахрии «Беҳтарин картошкапарвари ҷумҳурӣ» мушарраф гардид.
Ин дастоварди арзанда гувоҳи он аст, ки заҳмати софдилона, истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва муносибати масъулиятнок ба истеҳсолот метавонанд натиҷаҳои назаррас ба бор оваранд.
Муваффақияти хоҷагии деҳқонии «Саридашт» дастовард ва мояи ифтихори мардуми заҳматкаши ноҳияи Сангвор ва мебошад. Ин қадрдонӣ метавонад барои дигар кишоварзон низ намунаи ибрат ва омили ҳавасмандӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифату ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ гардад.
Н. Алиева









