Дар ҷаҳони муосир муборизаҳои сиёсӣ на танҳо дар майдони интихобот, муассисаҳои давлатӣ ва минбарҳои расмӣ, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои интернетӣ ва фазои иттилоотии берун аз кишвар низ идома доранд. Тоҷикистон низ аз ин равандҳо дар канор нест. Бархе аз мухолифони ба қавли эшон сиёсӣ, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва Манучеҳри Кӯҳистониву дигар ҳаммаслакони онҳо, ки берун аз кишвар зиндагӣ мекунанд, тавассути барномаҳои интернетӣ, навиштаҳо ва изҳороти худ ба масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дахолат менамоянд.

Дар чунин шароит саволҳои муҳим ба миён меоянд: ҳадафи аслии ин гуна фаъолиятҳо чист? Чаро онҳо як Тоҷикистони оромро ба иғво  кашидан мехоҳанд? Ё чаро барои тағйир додани вазъи сиёсӣ гӯё мушкилоти мардумро мехоҳанд ҳал созанд? Дар ҳоле, ки худ ғарқи мушкилотанд, дар кишвари аҷнабӣ... Ё чарои дигар ин аст, ки  ин хоинон барои манфиатҳои шахсиашон ва “ҳисобот”-ҳои навбатӣ дар пеши хоҷагонашон аз худ “мухолиф-лидер”-ҳои сиёсӣ метарошанд, то ҷавононро бо ҳар роҳу восита роҳгум созанд ва бар зидди давлат шӯронанду  даст ба қудрат баранд.

Вале, дар натиҷаи таҳлилҳои зеҳнӣ метавон ба ин хулоса расид, ки ин ҳама хобу хаёле беш нест.

Хонандаи ин сатрҳо ва ҷавонони азиз, биёед дар якҷоягӣ ба ин савол ҷавоб ҷӯем:

Чаро  ин иғвогариву ҳангомасозиву сиёсатбозиву фалсафафурӯшӣ солҳои зиёд идома меёбанд, вале натиҷа надоранд?

Ҷавоб ба ин саволу дигар саволҳо таҳлили ором, муқоисаи далелҳо ва дарки худшиносии баландро  талаб мекунад. Танҳо бо такя ба эҳсосот ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез наметавон ба хулосаи муътамад расид.

Қудратхоҳии ин хоинон  яке аз мавзӯъҳои марказии сиёсат аст. Ин раванд дар худ ғайриодӣ нест. Мушкил вақте ба миён меояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аз эҳсосоти мардум, норозигии иҷтимоӣ ва боварии ҷавонон истифодаи нодуруст сурат мегирад.

Ин Муҳаммадиқболаку Манучеҳраку дигарон, ки дар кишвари бегона зиндагӣ мекунанд ва худро  фаъолони сиёсӣ метарошанд. Баъзан хандаовар аст, ки худро ҳамчун ҳомиёни ягонаи миллат, намояндагони ҳақиқии мардум ё наҷотдиҳандагони ҷомеа муаррифӣ мекунанд. Ин шармандаҳо чаро агар даъвои ватандорӣ мекунанд, дар Ватани худ нестанд. Шояд ин ҷо аз ҷониби баъзе ҷавононе, ки алакай ба суханҳои онҳо “мафтун” гаштаанд, саволу андешаҳое пеш ояд, ки онҳо агар дар Ватани худ бошанд, кунҷи маҳбас мераванд. Вале ман низ савол дорам, Ватане, ки ба қадраш намерасем ва миллати хешро аз ватани бегона нишаста  санги маломат ба сараш мезанему онро захмӣ мекунем, чӣ гуна хоинро руи хокаш макон медиҳад. Онҳо, агар кори хубе медоштанд дар рӯзгорашон,  ватан хонаи онҳо буд. 

Танқид кардани роҳбарияти давлат, нашри навиштаҳои таҳқиромез “насиҳат” кардану паҳн кардани  шиорҳои сиёсӣ ва миллатро бадном кардан, ин рӯи манфуру касофати турову ту баринҳоро касифтар нишон медиҳад, эй хоинони худбохтаву бегонапараст.

Ин сагҳои дайдуи шабгард ҳатто ба гуфтаҳои худ содиқ намемонад, борҳо исбот шудааст.

Этикаву эстетикаи ҳарф гуфтану минбар доштанро низ надоранд, ин нобакорону дармондагону хабарчинҳои кишварҳои ғайр. Ҳатто ба мусоҳибонашон дар телефон имконияту фурсат намедиҳанд, ки чӣ андеша доранд. Минбари бедарди миёнро ёфтаву хуб нақши  “бузаки ҷингилапо”-ро мебозанд. Ҳамчунин ҳар сухану андешаашон бе таҳқир нест. Бар зами ин фарҳанги гӯш кардан низ надоранд. Вале,  охири кор  аз баландии минбар ба поёни минбар ҷаҳидан  асту  бас...

Рақси бонуи соҳибном ва шахсияти шинохта, муҳтарама Озода Раҳмон,роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мухолифони дайдуро  ба қавле  “рақсонд”. Хеле аҷиб аст.

О, Манучеҳри Кӯҳистонӣ,  Озода Раҳмон куҷову ту куҷо?! Ба қавли кампиракони деҳа, як сафолро гирифта шошида худро бин... Боз насиҳат мекуниву  маслиҳат медиҳӣ?! Дигар  чакиданҳои шумо носипосону хоинон касеро такон намедиҳад...

ба шиорҳои шумо ТУФ!

ба носипосиҳои шумо ТУФ!

ба “насиҳат”-ҳои шумо ТУФ!

Ба минбари шумо ТУФ!

Ба шумо лаънат!

“Саг меҷакаду одам ба роҳаш меравад”, беҳтарин шиори бобом буд!

Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ,
муовини аввали раиси ноҳияи Сангвор