Иншооте, ки дар пешорӯи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Заршуён сохта ва ба истифода дода шудаанд
Истиқлоли давлатӣ ба мардуми деҳот низ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, барои рушди инфрасохтор, ободонии маҳал ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон заминаи мусоид гузошт.
Имрӯз дар пешорӯи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд дар Ҷамоати деҳоти Заршуён низ бо маром идома дорад. Сохта ба истифода додани иншооти гуногун на танҳо симои маҳалро тағйир медиҳад, балки барои сокинон шароити мусоиди зиндагӣ, кору фаъолият ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои заруриро фароҳам меорад.
Яке аз корҳои муҳими анҷомёфта сохта ва ба истифода додани купруки мошингузар дар деҳаи Ҷур мебошад. Ин купрук барои тақрибан 100 хоҷагии деҳа хизмат мерасонад. Солҳои зиёд ҳолати таъмирталаби купрук, махсусан дар фасли баҳор, барои сокинони деҳа ва хонандагони муассисаи таълимӣ мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меовард. Бо анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани купруки нав ин мушкил ҳалли худро ёфта, рафтуомади сокинон ва ҳаракати нақлиёт беҳтар гардид.
Дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ низ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Миёнаду, ки аз ҷониби ташкилоти «Оғохон» сохта шудааст, ба 1040 нафар сокинони деҳоти Миёнаду, Дараи Себак, Дараи Саркорон ва Убараи аз об хизмат мерасонад.
Бо вуҷуди чунин имкониятҳои бузурги табиӣ, то солҳои охир дар ҳудуди ноҳия осоишгоҳи муосири табобатию истироҳатӣ вуҷуд надошт. Инак, бо татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, ин камбудӣ низ бартараф гардид. Бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти давлат, инчунин саҳми назарраси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, дар минтақа осоишгоҳи нав бунёд гардида, ба истифода дода шуд.
Ин иншоот дар деҳаи Хипшон ҷойгир буда, барои сокинони Ҷамоати деҳоти Заршуён ва дигар сокинони ноҳия хизматрасонӣ менамояд.
Ҳамчунин дар деҳаи Миёнаду бо ташаббуси соҳибкор Шоев Илҳом мағозаи дуошёнаи тиҷоратӣ сохта ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур барои сокинони маҳаллӣ хизматрасонии зарурии тиҷоратиро ба роҳ монда, дар рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба молу маҳсулоти ниёзи рӯзмарра саҳми худро мегузорад.
Дар деҳаи Хипшон инчунин сехи истеҳсоли сементблок, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидхоҷаи Оятулло сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Фаъолияти ин сех барои сокинони Ҷамоати деҳоти Заршуён ва Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аҳамияти калон дошта, дастрасии аҳолиро ба масолеҳи сохтмонӣ осон менамояд. Ҳамзамон, таъсиси чунин коргоҳҳо барои рушди истеҳсолоти маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Яке аз дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дараи Ҳайрон мебошад. Ин бунгоҳ барои 620 нафар аҳолии деҳа хизмат расонида, бо ташаббус ва дастгирии шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа сохта ба истифода дода шудааст. Бунёди бунгоҳи тиббӣ дар маҳалли зист имконият медиҳад, ки сокинон ба хизматрасонии аввалияи тиббӣ сари вақт дастрасӣ пайдо намоянд.
Дар деҳаи Миёнаду аз ҷониби соҳибкор Хайрулло сехи мошинбарорӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ин коргоҳ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасонии техникии нақлиёт ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар мояи ифтихор буда, корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ идома доранд.
Маҳмадулло Шарифов,
раиси ҷамоати деҳоти Заршӯён









