5 сентябри соли 2026 дар маркази ноҳияи Сангвор 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санаи муқаддасу таърихӣ таҷлил  гардид.

Дар ин ыашни  бошукӯҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, роҳбарияти ноҳия, фаъолон, собиқадорон, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Ҷашни Истиқлол дар ноҳияи Сангвор бо фазои хосаи идона, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси самимии ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ баргузор гардида, аз муҳаббату садоқати сокинон ба Ватан ва арзишҳои муқаддаси миллӣ дарак дод.

Дар оғози таҷлил намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон ва раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат сокинони ноҳияро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба мардуми заҳматкаши ноҳия сулҳу суботи пойдор, рӯзгори обод, файзу баракат ва дастовардҳои нав ба нав орзу карданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки неъмати бузурги таърихӣ ва заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ мебошад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии шоистаи фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузоштааст.

Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор зимни суханронии худ иброз намуд, ки дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд.

Давлатзода Сулаймон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар суханронии худ Истиқлолро асоси пешрафту шукуфоии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди ҳамаи минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои кӯҳистон, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Яке аз бахшҳои ҷолиби таҷлили ҷашн намоиши дастовардҳои меҳнатӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони ноҳияи Сангвор буд. Дар гӯшаҳои махсус маҳсулоти кишоварзӣ, навъҳои гуногуни меваю сабзавот, маҳсулоти дастии ҳунармандон, таомҳои миллӣ, нону шириниҳои суннатӣ, намунаҳои сӯзанидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ин намоишгоҳ аз меҳнатдӯстӣ, заҳматпешагӣ, ҳунармандӣ ва фарҳанги ғании мардуми ноҳияи Сангвор дарак дода, анъанаҳои неки ниёгон ва ҳунарҳои мардумиро, ки аз насл ба насл интиқол меёбанд, бозгӯ мекард.

Меҳмонон ва иштирокдорони ҷашн аз дастранҷи сокинони ноҳия дидан намуда, ба маҳсули меҳнати кишоварзон, занони ҳунарманд ва дигар сокинони заҳматкаши ноҳия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд.

Ҳар як гӯшаи намоишгоҳ бо маҳсулоти дастранҷи сокинон оро ёфта, фазои идонаи маркази ноҳияро боз ҳам рангинтар гардонида буд. Таомҳои миллии тоҷикӣ, либосҳои суннатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд.

Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, таъриху тамаддун ва суннатҳои неки ниёгонро ҳифз ва эҳё намуда, онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд. Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ идомаи ҳамин эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Дар ин рӯз чеҳраи сокинони ноҳия аз шодиву фараҳ ва ифтихори миллӣ гувоҳӣ медод. Барои ҳар як иштирокдор ҷашни Истиқлол пеш аз ҳама ҷашни Ватан, ҷашни давлатдорӣ ва ҷашни ваҳдату сарҷамъии мардум ба ҳисоб мерафт.

Барномаи фарҳангии идона бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунармандони ноҳия ба ҷашн шукӯҳи бештар бахшид. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу таронаҳои миллӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуда, эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва ифтихор аз соҳибистиқлолиро дар қалби иштирокдорон тақвият бахшиданд.

Сокинони ноҳияи Сангвор бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва рӯҳияи созанда таҷлил намуданд.

Туйчӣ Нурзода