Ба пешвози 35-умин солгарди Истиқлол

------------------------------------------------------

Ҷамоати деҳоти Чилдара низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои худро ба куллӣ дигар карда, инфрасохтори он пайваста рушд меёбад.

Дар арафаи истиқбол аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд боз ҳам вусъати тоза гирифта, дар деҳаҳои ҷамоат як қатор иншооти нав сохта ва ба истифода дода мешаванд. Дар ин корҳои ободонӣ саҳми соҳибкорон, ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони маҳаллӣ назаррас буда, онҳо бо эҳсоси баланди масъулият дар ободии зодгоҳи худ саҳм мегузоранд. Ин ҳама самараи сулҳу субот, сиёсати созанда ва имкониятҳои фароҳамовардаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Яке аз корҳои муҳиме, ки дар ҷамоати деҳоти Чилдара анҷом ёфт, сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и деҳаи Посун мебошад. Сохтмони ин иншоот соли 2026 оғоз гардида, айни замон пурра ба анҷом расонида шудааст. Ин барои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи хонандагон ва беҳтар намудани имкониятҳои муассисаи таълимӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ саҳми ҷавонони деҳа ва аҳолии маҳаллӣ назаррас мебошад. Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки мардуми деҳот ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас бетараф нестанд ва барои фароҳам овардани шароити муносиб барои фарзандони худ саҳм мегузоранд. Дар иншооти мазкур роҳбари муассисаи таълимӣ Расозода Аҳкомиддин низ саҳми арзанда гузошта, дар раванди сохтмон ва анҷом додани корҳои зарурӣ фаъолона иштирок намудааст.

Чойхонаи деҳаи Руботнол яке аз иншооти навбунёди маҳал ба шумор меравад. Сохтмони он соли 2024 оғоз гардида, бо ташаббуси соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатии деҳа ба таври замонавӣ бунёд карда шудааст.

Дар ҳамин радиф, бунгоҳи тиббии Ҳафчароғ низ бо саҳми мардум ва муҳоҷирони меҳнатӣ бунёд гардида, барои сокинони маҳал аҳамияти муҳими иҷтимоӣ дорад. Мавҷудияти бунгоҳи тиббӣ дар деҳот имкон медиҳад, ки сокинон барои гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ ба муассисаи тиббии наздик муроҷиат намоянд. Ин барои аҳолии деҳоти дурдаст, бахусус пиронсолон, занон ва кӯдакон, хеле муҳим мебошад.

Қаблан низ вобаста ба як қатор иншооти дигар, ки дар доираи корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд, маълумот пешниҳод гардида буд.

Дар ин миён нақши ҷавонон низ шоистаи таҳсин аст. Ҷавонони деҳа дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ фаъолона иштирок намуда, бо меҳнати худ дар пешрафти маҳал саҳм мегузоранд. Ҳар як кори созандае, ки бо иштироки ҷавонон анҷом меёбад, метавонад барои дигар сокинон низ намунаи ибрат бошад.

Соҳибкорон низ дар ин раванд нақши муҳим доранд. Фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии онҳо аз корҳои ҷамъиятӣ барои рушди инфрасохтори деҳот имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ин иқдомҳо далели равшани онанд, ки Истиқлол барои рушди деҳот имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, бо меҳнати созандаи мардум симои маҳал рӯз ба рӯз тағйир меёбад.

Фотеҳ Шоев,
раиси ҷамоати деҳоти Чилдара