Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бахшида ба 32-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Сангвор Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд, амният ва инчунин доираи васеи сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Сангвор Нурмаҳмадзода Тоҷиддин зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, оид ба аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуд.
Қайд гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, таъмини суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҳар як сокини мамлакат бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар таҳкими қонунияту тартибот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар идомаи чорабинӣ бо мақсади қадршиносии заҳмату талошҳои содиқонаи як қатор фаъолон ва кормандоне, ки дар давраи фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, дар пешрафти соҳа ва хизмати шоиста ба ҷомеа саҳм гузоштаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо нишони ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои идона, ва тантанаҳои фарҳангӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ баргузор гардида, бори дигар аҳамияти бузурги Конститутсияро ҳамчун бахтномаи миллат ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҷассум намуд.
Идизода Қурбоналӣ









