Дар ноҳияи Сангвор маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ оғоз гардида, дар рӯзи аввали даъват нақшаи пешбинишуда 100 фоиз иҷро гардид.

Ба муносибати гусели наваскарон дар ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти ноҳия, намояндагони сохторҳои дахлдор, фаъолон, падару модарон ва ҷавонони даъватшуда иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Гайрат суханронӣ намуда, наваскаронро ба муносибати оғози хизмати ҳарбӣ табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорат, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Раиси ноҳия наваскаронро даъват намуд, ки дар давраи хизмати ҳарбӣ интизоми ҳарбиро қатъиян риоя намуда, ба савганди ҳарбӣ содиқ бошанд, дониш ва малакаҳои зарурии ҳарбиро аз худ намоянд ва бо рафтору фаъолияти намунавии худ обрӯи ноҳия ва падару модари хешро баланд бардоранд.

Дар чорабинӣ инчунин падару модари наваскарон иштирок намуда, аз минбар суханронӣ карданд. Онҳо фарзандони худро ба роҳи хизмати содиқона ба Ватан раҳнамун сохта, ба наваскарон дуои хайр намуда, барояшон саломатӣ, матонат, сарбаландӣ ва бозгашти хуш ба назди аҳли оила орзу карданд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-тафреҳӣ пешкаши иштирокдорон гардид. Ҳунармандон бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаҳои фарҳангӣ ба фазои чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.

Ҳамчунин барои наваскарон дастархони идона ороста шуда, бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва масъулин дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Иҷрои 100-фоизаи нақшаи даъват дар рӯзи аввали маърака аз ҳисси баланди масъулиятшиносии ҷавонон, дастгирии падару модарон ва фаъолияти масъулони ноҳия шаҳодат медиҳад.

Наваскарони ноҳияи Сангвор бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, барои адои қарзи шаҳрвандии худ омодагӣ гирифтанд.

Ватанро ҳимоя кардан шараф аст!

Туйчӣ Нурмаҳмад