- Диданд: 144
Пас аз гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар доираи силсилачорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” рӯзи 23 май дар толори Қасри фарҳанг барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳоло ки ман ҷавонам” баргузор гардид.Чорабинии мазкур соати 10:00 оғоз ёфт, ки онро бо суханони ифтитоҳи барандаи ин чорабинӣ Бахтиёр Фақиров кушода, сухани табрикиро ба раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат дод. Мавсуф баромад намуда, кулли ҷавонон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт. Пас аз суханони пурмуҳтавои раиси ноҳия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Тўйчии Нурмаҳмад баромад намуда, ҷавононро ба ин рӯзи муборак табрику муборакбод намуда, бархе аз ҷавонони муваффақро(гирандагони идрорҳои президентӣ, раиси ноҳия ва дигар ҷавонони лаёқатманду ташаббускор) дар ҳузури раиси ноҳия, бо Ифтихорномаю туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонид.
Раиси ноҳия дар анҷом ба чунин ҷавонони созандаю ифтихори миллат аҳсан гуфта, ба онҳо дар шоҳроҳи зиндагияшон муваффақиятҳо таманно намуд.
- Диданд: 132
Дар доираи силсилачорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ дар таҷлили Рӯзи ҷавонон ҳамоиши роҳпаймоии ҷавонон дар кӯчаҳои марказии ноҳия ба роҳ монда шуда буд, ки ин аз ҳисси ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллли ҳар як ҷавон ва иштирокчии ин ҳамоиш огоҳӣ медод.
Дар ин ҳамоиш, ки зиёда аз 500 нафар ҷавонону наврасон –муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонону кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд, таҳти Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳо аз назди бинои ШВКД дар ноҳия роҳпаймоиро оғоз намуда, тавассути роҳи марказӣ аз шафати МТМУ №1 ва Беморхонаи марказӣ гузашта , то бинои Қасри фарҳанг таҳи шиорҳои “ Мо пайравони Пешвои миллатем”, “Мо ҷавонон – қалби бедори Ватан”, “Пешвои милла - ифтихори халқи тоҷик”, “Тоҷикистон ба пеш!” ва “Поянда бод Тоҷикистони азиз!” бо як рӯҳи болида ҳамовозӣ намуда, садоқати худро нисбат ба Ватан ва Пешвои миллат нишон доданд, ки дар ҳама вақту соат онҳо метавонанд дар паҳлӯи Пешвои миллат ва Ватани азизашон устувор бошанд.
Бо як рӯҳияи сиёсию ватандорӣ, чеҳраҳои болида ва ифтихор аз ватани биҳиштосою тинҷу ором ин чорабинии сиёсӣ низ ба анҷом расид.
- Диданд: 117
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи ҷавонон рӯзи 21-уми май мусобиқаи дучархаронӣ дар байни наврасону ҷавонон дар ду синну сол гузаронида шуд. Дар ин мусобиқот зиёда аз 86 нафар наврасону ҷавонони довталаб иштирок намуда, дар ду масофа ( 1500 м ва 8000м) ҳунару маҳорати худро нишон доданд. Аз ҷумла 6 нафар; Ёров Исфандиёр, Акрамзода Алишер ва Қурбонов Сорбон, (1500 м), Давлатов Аминҷон, Шерзода Талабшо, Комилзода Сино( 8000 м) сазовори ҷойҳои намоён гашта, бо Ифтихорномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин наврасони хурдсол ва пиронсолон низ ширкат варзида, табъи тамошобинонро болида гардониданд.
Ин ҳама аз сиёсати хирадмандона ва дастгирии Пешвои миллат дар самти оммавӣ гардонидани варзиш дар байни ҷавонон ва тинҷию амонии кишвар дарак медиҳд.
- Диданд: 140
Ҳамасола дар доираи “Ҳафтаи ҷавонон” баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва беҳдошти саломатии шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи май мусобиқоти Дави Миллӣ баргузор мегардад, ки новобаста ба синну сол дар ин чорабинии варзиш ҳамагон иштирок менамоянд.
Имсол низ дар таърихи 21-уми майи соли ҷорӣ Дави миллӣ барпо гардид, ки ин чорабинии варзишӣ дар ноҳияи мо низ аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар як сатҳи хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар тамоми қаламрави ноҳия, махсусан, дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот мусобиқоти давидан ба масофаҳои 3000м, 5000 м ва 10000 м дар байни тамоми қишри ҷомеа гузаронида шуд, ки дар он аз хурд то бузург,чӣ аз ҷинси мард ва чӣ аз ҷинси зан ширкат варзиданд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҷавонони лаёқатманд шогирдони чемпиони шашкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Ғафуров ва дигар табақоти ҷомеа, яъне ҳаводорони ин навъи варзиш иштирок намуда, дар масофаҳои гуногун (3000 м, 5000 м ва 10 000 м) рақобат намуда, байни худ қувваозмоӣ намуданд. Дар ин мусобиқот зиёда аз 300 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд, ки аз ин шумора 56 нафарашон бонувон буданд.
Саҳифаи 3 аз 28