Бо кор оғоз намудани агрегати аввалини неругоҳи барқи Обии Роғун ҳадяе буд, аз ҷониби фарзанди фарзонаи мардуми Тоҷикистон ба ҳамаи ниёзмандони дохиливу хориҷӣ, зеро солҳост мардуми на танҳо Тоҷикистон, балки мардумони Узбакистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон ва Ироқу Ирон мушкилӣ доштанд ва ва ҳоло ҳам мушкилӣ доранд. Аз ин рӯ, инро мушкилии сайёра гӯем ҳам, хатто нахоҳем кард, зеро

 Чу узве ба  дард  оварад рӯзгор,

Дигар  узвҳоро намонад  қарор.

 Воқеан ин ҳадяи Асосгузори сулҳу оштӣ – Пешвои мардум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ба сайёра ҳаст. Ин иқдом ё пайки муборак, тавассути ин чеҳра, гӯшаҳои торикистонро ба гулистон мунаввар мекунад. Зиёда аз садҳо ва ҳазорҳо мардумро бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунад. Даҳҳо ва ҳатто садҳо корхонаҳои хурду бузург  рӯи кор меоянд, ки мушкилкушои мардум хоҳанд  шуд.

         Аз тарафи дигар чаро дар раванди сохтмони НБО  Роѓун, ки  мухолифони он хело зиёд буданд?   Пеш аз ҳама, онҳо мехостанд, ки Тоҷикистон ҳамеша вобастаи онҳо бошад ва дар ҳар як иқдомаш маслиҳат ва ҳиссаи онҳо аз нигоҳи геопалитикӣ  сарфи назар нашавад. Ва хело хуб ҳам дарк карда буданд, ки ҳангоми ба кор даромадани неругоҳ давра ба давра қувваи кории арзонро аз даст медиҳанд.  Ва чунин андешаҳои ботил боис шуданд, ки ба рафти сохтмон монеа эҷод кунанд, вагарна агрегати якум соли 2018 неву барвақттар ба кор оғоз мекард. Дигар чизе, ки роҳбари давлатро нороҳат мекард, ошубҳои ҳамватаноне буд, ки баъди ин қадар қадрдониву меҳрубонӣ боз даст ба хиёнат заданд.

            Аз ин рӯ,  мардуми бо нангу номуси  Тоҷикистонро лозим аст, ки аз имрӯза дида бештар канори Ҳукумат бошанд, зеро  Ҳукумат дар якҷоягӣ бо мардум метавонад ҳама гуна найрангу фитнаи душманро хоку туроб кунад. Рӯзҳои хело кам боқӣ  мондааст, ки мардуму Ҳукумати мо ҳам мисли дигар давлатҳои пешрафта сухани худро бигӯянд, яъне аз ҳама гуна вобастагӣ  аз  давлатҳои  дигар  раҳоӣ ёбад.  Пешвои  миллат баҳри ободии Ватани  ҷоноҷонамон  гом  мезанад  ва  мардуми  созандаву  бунёдкори  тоҷик  дар  паҳлӯи  Пешвои  худ ба  сӯи  қуллаҳои  умед  равона  аст.  Бо таассуф  қайд  кардан  ба  маврид  аст,  ки  ноҷавонмардоне,  кӯрнамаконе  имрӯз  пешравиҳои  моро  чашми  дидан  надоранд.  Аслан  онҳо  беҳунароне  ҳастанд,  ки  аз  дасташон  коре  намеояд  ба  ҷуз  халал  расондану  вайрон  кардан. Чун  онҳо  дар  раванди  созандагӣ кори  хайре  карда  наметавонанд, пас  ба  ин  раванд  халал  ворид  насозанд  хуб  мешуд.

Маҳмадӣ  Авазов, корманди шуъбаи  маорифи ноҳия